Ссылки доступа

Ҳалокати як зани ҷавон аз Тоҷикистон дар паноҳгоҳе дар Сурия


Иллюстративное фото

Як зани 31-сола аз Тоҷикистон дар паноҳгоҳи Рожи вилояти Ал-Ҳасакаи Сурия пас аз сӯхтани беш аз 80 дар сади баданаш ҷон бохтааст.

Мақомоти тоҷик гуфтанд, "Наргис Ҷӯраева дар таркиши зарфи гази моеъ ба ҳалокат расид". Бархе аз занон дар ин паноҳгоҳ мегӯянд, "ӯ худкушӣ кард". Аммо дар он лаҳза ягон зани тоҷик ҳамроҳи ӯ набуда ва ҳодисаро шоҳид нашудааст.

Ҳодиса рӯзи 1-уми август рух дода, то ҳафтаи гузашта ин зан таҳти назорати пизишкони паноҳгоҳ қарор доштааст. Як зани тоҷик аз паноҳгоҳи Рож ба Радиои Озодӣ гуфт, Наргис Ҷӯраева фарзанд надошт ва "вақтҳои охир хаста ба назар мерасид". Ба гуфтаи ӯ, зоҳиран аз хастагӣ ва асабонияти зиёд даст ба худкушӣ задааст.

Ин зан шароити паноҳгоҳро нохуб арзёбӣ кард: "Зиёда аз ду сол шуд, ки дар шароити сахт зиндагӣ мекунем. Аксари моро шавҳаронамон фиреб карда, ба ин ҷо овард ва ду сол шуд, ҳукумат ваъда медиҳад, шуморо мебарем, вале намебарад."

Мақомоти Тоҷикистон ҳалокати ин занро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, ӯ аз таркиши гази моеъ фавтидааст. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Кувайт, ки масъули баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия ҳаст, рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Наргис Ҷӯраева аз таркиши зарфи хурди гази моеъ сӯхтааст.

Ба гуфтаи сафир, ҳангоми таҳияи хӯрок зарфи хурди гази моеъ метаркад. Ин иттилоъро ба сафорат мақомоти курд низ тасдиқ кардаанд.

Зубайдзода гуфт, масъалаи баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз паноҳгоҳҳои Сурия ҳанӯз матраҳ аст, вале бинобар паҳн шудани коронавирус ва баста будани роҳҳои ҳавоиву заминӣ миёни кишварҳо иҷрои он номумкин шудааст. “Мо ҳамаро рӯйхат кардаем ва ҳукумати кишвар ҳам омодаи баргардонидани онҳо буд, ки роҳҳо баста шуд. Баробар кушода шудани шудани роҳ ҳатман занону кӯдакон баргардонида мешаванд”, -- мегӯяд сафир.

Дар паноҳгоҳи Рож, дар вилояти Ал-Ҳасакаи Сурия, ки як зани тоҷик ҳалок шуд, феълан 7 зан ва 17 кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Аксари занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавл (Ал-Ҳол)-и Сурия қарор доранд. Дар он ҷо наздики 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд.

Онҳо ҳамсар ва кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷики узви ДОИШ (гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”) ҳастанд, ки солҳои 2014-2016 барои пайвастан ба сафи ин гурӯҳ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Ин занҳо пас аз шикасти ДОИШ дар соли 2018 ба дасти нерӯҳои курд, ки зидди гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” меҷангиданд, асир афтоданд ва ба ин паноҳгоҳ оварда шудаанд. Ин паноҳгоҳ зери назари нерӯҳои курд аст ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ёрии молӣ мегиранд.

Расман теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба гурӯҳи ДОИШ пайвастаанд, наздики 2 ҳазор нафар медонанд. Ин гурӯҳ, ки аз ҷониби аксар кишварҳои дунё гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст, соли 2014 қисмате аз хоки Сурия ва Ироқро ишғол карда, хилофати худхондаи худро таъсис дод.

Ин гурӯҳ ду сол пеш дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрд. Сарнавишти аксар ҷангҷӯёни тоҷики ин гурӯҳ номаълум аст. Бархе аз мардоне, ки ба ин гурӯҳ пайваста буданд, ҳоло дар зиндонҳои Сурия ва Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳамсару кӯдаконашон дар паноҳгоҳҳо қарор доранд.

Як сол пеш ҳукумат беш аз 80 кӯдаки ҷангҷӯёнро аз Ироқ баргардонд. Инҳо кӯдаконе буданд, ки падаронашон кушта шудаанд ва модаронашон дар Бағдод ба ҳукмҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG