Ссылки доступа

Як афсари Оҷонсии фасод аз сӯи КДАМ барои гирифтани пора боздошт шуд


Як корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шудааст.

Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 18-уми август бо такя ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар дод, ки полковник Ҷонибек Маҳмадзода, мутахассиси Оҷонсии зидди фасод рӯзи 17-уми август аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани пора ба миқдори калон боздошт шудааст.

Бар пояи ин гузориш, Ҷонибек Маҳмадзодаи 48-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, дар мақоми мутахассиси пешбари Раёсари назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Оҷонии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор мекардааст.

Ҳарчанд хабар мегӯяд, ки ин фард ҳангоми гирифтани "пора ба миқдори махсусан калон" дастгир гардид, аммо маблағи дақиқи онро ошкор накардааст. Ва низ дар хабар гуфта нашудааст, ки Ҷонибек Маҳмадзода дар куҷо боздошт шудааст.

Мақомот мегӯянд, ки нисбат ба Ҷонибек Маҳмадзода парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Назари Ҷонибек Маҳмадзода дар ин робита то ҳанӯз маълум нест.

XS
SM
MD
LG