Ссылки доступа

Тазоҳуроти сокинони Жанаозени Қазоқистон бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ


Дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистауи Қазоқистон 17 август як гуруҳи сокинон ва фаъолони маданӣ бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар майдони марказии шаҳр ҷамъ шуданд.

Маъмурони пулис раванди таҷаммуъро назорат карда, иштирокдоронро акс ва ба навор мегирифтанд. Яке аз иштирокдорон ва сокини Жанаозен Алибек Бопешов рӯзи душанбе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пахши мустақимеро аз рафти таҷаммуъ ба роҳ монд.

Фаъолони мадании қазоқ дар даст шиори "Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ!" ва акси шоиру дигарандеши зиндонӣ Арон Отабек, фаъоли мадании зиндонӣ аз Атирау ва иштирокчии тазоҳуроти соли 2016 зидди ислоҳоти замин дар Қазоқистон Макс Боқиевро доштанд.

Эътирозгарон аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев талаб карданд, ки маҳбусони сиёсиро фавран озод кунад.

XS
SM
MD
LG