Ссылки доступа

Нигарониҳо аз эҳтимоли истирдод шудани рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев ба Ӯзбекистон


Кутликиз Балхибоева, ҳамсари рӯзноманигори боздоштшудаи ӯзбек дар шаҳри Бишкек Бобомурод Абдуллоев аз эҳтимоли пинҳонӣ истирдод шудани шавҳараш ба шаҳри Тошканд изҳори нигаронӣ мекунад.

"Як ҳафта мешавад, ки вакилони дифоъро ба назди шавҳарам роҳ намедиҳанд. Ин маро нигарон кардааст. Зеро эҳтимол дорад, ӯро ба шарти ду ҳафта баъд баргардонидан ба Бишкек ба хадамоти махсуси Ӯзбекистон таслим карда бошанд. Агар ин фарзия рост бошад, шавҳари маро ба монанди дафъаи пешин дар Ӯзбекистон шиканҷа хоҳанд кард. Агар Абдуллоевро ба Ӯзбекистон истирдод накардаанд, чаро вайро ба вакилони дифоъ нишон намедиҳанд?", - мегӯяд Балхибоева.

Ба гуфтаи Балхибоева, мақомоти қирғиз метавонистанд Абдуллоевро дар хонае, ки зиндагӣ мекард, ба ҳабси хонагӣ бигиранд.

"Ҳамеша мегуфтанд, ки Қирғизистон демократитарин кишвари Осиёи Марказӣ аст. Вале баъди фавти ҳомии ҳуқуқи маҳкум ба ҳабси абад Азимҷон Аскаров дар зиндони Қирғизистон намедонам, ба ин гуфтаҳо бовар кунам, ё не", - изҳор дошт ҳамсари Абдуллоев.

Пештар намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дода буд, ки Бобомурод Абдуллоевро рӯзи 8 август бо дархости Ӯзбекистон боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор, Абдуллоев дар Ӯзбекистон бо моддаи "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор мешавад.

Бобомурод Абдуллоев моҳи сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти амниятии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт шуда буд. Ӯро дар навиштани мақолаҳо зидди сохтори конститутсионии Узбекистон бо номи мустаор айбдор карданд.

Додгоҳ моҳи майи соли 2018 Абдуллоевро ба 1,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ раҳо кард.

Бобомурод Абдуллоев бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳсили муваққат ба шаҳри Бишкек омада буд. Аммо баъди анҷоми таҳсил ба далели баста шудани марзҳо натавонист, ки ин кишварро тарк кунад.

XS
SM
MD
LG