Ссылки доступа

Додгоҳи Алмато фаъоли маданӣ Серикҷон Билашро ҷарима кард


Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон 18 август фаъоли маданӣ Серикҷон Билашро ба иштирок дар "фаъолияти созмони сабтиномнашуда" айбдор дониста, 138 900 танга (ҳудуди 330 доллар) ҷарима кард.

Дар мурофиаи 18 август, ки онлайнӣ баргузор шуд, муфаттиш Самат Жарбанов, айбдоршаванда Серикҷон Билаш ва вакили дифои ӯ Шинкуат Байжанов иштирок доштанд.

Ба гуфтаи муфаттиш, Билаш созмони сабтиномнашудаеро бо номи "Нағыз Атажұрт" (Атажурти воқеӣ) таъсис дода, дар он кор кардааст.

"Дар як ҳафта 1 ё 2 бор ба баъзе аз шаҳрвандон кумак карда, шикоятҳоро ба забони англисӣ баргардон мекардам. Вале барои ин кор ҳеч маблағе намегирифтам. Ман бо хоҳиши худ кумак мекардам ва ин айбро қабул надорам", - гуфт Билаш дар мурофиа.

XS
SM
MD
LG