Ссылки доступа

Қазоқистон қоидаи иштироки рӯзноманигорон дар эътирозҳоро муайян кард


Вазорати иттилоот ва рушди умумии Қазоқистон “қоидаҳои фаъолияти рӯзноманигоронро дар ҷараёни ҷамъомадҳои осоишта” нашр кард.

Қоидаҳои нав, ки дар мувофиқа бо вазоратҳои умури дохилӣ ва иқтисоди миллии Қазоқистон таҳия шудаанд, дар баробари тартиби кори рӯзноманигорон симои зоҳирии онҳоро низ муайян мекунанд. Хабарнигорон бояд нимтанаҳоеро ба бар кунанд, ки дар онҳо “Press” навишта шудааст.

Ҳамчунин рӯзноманигорон бояд бо худ ҳуҷҷати хидматӣ ва нишона (нимтана, дастбанд ё навишта)-еро дошта бошанд, ки аз дигар одамон фарқ кунанд. Ҳатто ранги нимтанаи рӯзноманигорон низ муайян карда шудааст. Он бояд кабуди дурахшон бошад.

Маъмуриятҳои шаҳру ноҳияҳои Қазоқистон вазифадор шудаанд, ки дар ҷараёни ҳамоишҳо “дафтари матбуотии фаврӣ” ташкил кунанд, то рӯзноманигорон тавонанд аз маҳаллли ҳодиса гузориш диҳанд ё дар нишасти хабарӣ иштирок кунанд: “Бар асоси қоидаи мазкур, намояндаи маъмуриятҳо рӯзноманигоронро дар рафти ҷамъомадҳои осоишта ҳамроҳӣ карда, дар гирифтани назари созмондиҳандагон ва иштирокчиёни ҷамъомадҳо мусоидат мекунанд”.

XS
SM
MD
LG