Ссылки доступа

Дар Қирғизистон назорати тарабхонаву қаҳвахонаҳо сахттар шуд


Мақомоти Қирғизистон назорати қаҳвахона, тарабхона ва маконҳои дигари тафреҳиро сахттар карданд. Ба ин идома ёфтани тӯйҳо дар давраи карантин сабаб шудааст.

Дар ин бора 18 август дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус ба раҳбарии сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов хабар доданд.

Ба гуфтаи Боронов, вақтҳои ахир ҳолатҳои баргузории ҷашну маросимҳо дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо афзоиш ёфтааст.

"Бештари мардум дар тӯю маъракаҳо ба коронавирус мубтало мешаванд. Вақтҳои ахир дида мешавад, баъзе аз раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ бетаваҷҷуҳӣ менамоянд. Набояд ин хел шавад. Баръакс, дар пешорӯи тирамоҳу зимистон корҳои ҳамонҳангшуда ва саривақтӣ зарур аст. Вазифаи асосии мо коҳиши ҳолатҳои мубталошавӣ, пешгирии маргумир ва таваҷҷуҳи махсус кардан ба беморон аст", - изҳор дошт сарвазир.

XS
SM
MD
LG