Ссылки доступа

Дар Тошканд мехостанд як ҷасадро ба наздиконаш ба $200 "фурӯшанд"


Дар шаҳри Тошканд ташхисгари судӣ-тиббиро боздошт карданд, ки барои додани як ҷасад аз наздиконаш 200 доллари амрикоӣ пора талаб кардааст.

Ба огаҳии Додситонии кулли Ӯзбекистон, корманди Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ташхиси судӣ-тиббии Тошканд З.У. аз мақомаш сӯистифода карда, аз шаҳрванд И. барои додани ҷасади хешаш 200 доллари амрикоӣ талаб намудааст.

"Ин ҳолат дар натиҷаи як амалиёти кормандони Додситонии шаҳри Тошканд ошкор карда шудааст", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Зидди З.У. бо банди "Гирифтани пора" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG