Ссылки доступа

Дар Минск Шӯрои интиқоли қудрат таъсис ёфт (видео)


Участники Координационного совета (слева направо) Павел Латушка, Мария Колесникова, Ольга Ковалькова, Максим Знак, Сергей Дылевский. Минск, 18 августа 2020

Дар ситоди номзад ба мақоми президентии Беларус Виктор Бабарико 18 август ба рӯзноманигорон "Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат" муаррифӣ шуд.

Намояндагони даҳҳо расонаи хориҷӣ ва беларусӣ аз ҷонибдори номзад ба мақоми президентии Беларус Светлана Тихановская - Мария Колесникова, шахси боэътимоди Тихановская - Олга Ковалкова, ҳуқуқшиноси ситоди Бабарико - Максим Знак, раҳбари кумитаи корпартоӣ дар Корхонаи тракторсозии Минск Сергей Дилевский ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Нахустин ҷаласаи кории ин шуро, ки дар он ҳайати раҳбарикунанда интихоб хоҳад шуд, 19 август баргузор мешавад.

Аъзои шӯро бо изҳороти Александр Лукашенко, ки гуфт, онҳо кушиши ғасби қудрат дар Беларусро доранд, изҳори норозигӣ карда, гуфтанд, умедворанд, ӯ барои муколама бо мухолифон розӣ хоҳад шуд. Дар ғайри сурат онҳо мақомҳои баландпояи дигари давлатиро ба баррасии роҳи бурунрафт аз буҳрон даъват хоҳанд кард.

Президенти Беларус Александр Лукашенко пештар таъсиси "Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат"-ро кушиши ғасби ҳукумат номид. Ба гуфтаи ӯ, ба ҳайати шуро "миллатгароён ва онҳое шомил шудаанд, ки ранҷида буданд". "На каму на зиёд - ҳукуматро талаб доранд. Инро мо ҳамчун кушиши ғасби ҳукумат арзёбӣ мекунем", - афзуд ӯ. Лукашенко изҳор дошт, ки зидди аъзои шуро чора хоҳанд андешид.

XS
SM
MD
LG