Ссылки доступа

Қирғизистон бо Тоҷикистону Узбекистон гуфтугӯи марзӣ анҷом медиҳад


Ноиб-сарвазири Қирғизистон Акрам Мадумаров рӯзи 18 август гуфт, ки кишвараш бо Тоҷикистону Узбекистон дар сатҳи ноиб-сарвазирон масъалаи марзро баррасӣ мекунад.

Ба гуфтаи вай, барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои марзӣ мақомоти маҳаллӣ бо мақомоти амниятӣ миёни сокинон кор мебаранд.

Президенти Қирғизистон Сооробой Ҷеенбеков азсаргирии кори комисияҳои байнидавлатиро оид ба муайянсозӣ ва аломатгузории марз дар шароити вабои коронавирус муҳим арзёбӣ карда, аз ҳукумати кишвараш хост, ки барномаи рушди вилояти Бодкандро маблағгузорӣ кунад. Дар вилояти Бодканди Қирғизистон бештари низоъҳои марзӣ ба вуқуъ мепайванданд.

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 чанде аз қитъаҳои марзӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳсӣ шуданд. Ин гуна қитъаҳо махсусан дар водии Фарғона, байни марзҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон ҷой доранд.

Марзи муштараки Қирғизистон бо Узбекистон 1 ҳазору 379 км-ро ташкил медиҳад, ки аз ин наздики 5% ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 976 км аст, ки аз ин ҳамагӣ 519 км муайян ва аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз муайян нашудааст. Номуайянии марз боиси ҷанҷолҳо байни сокинон мегардад. Сокинон бештари вақт барои об, роҳ ва чарогоҳ ҷанҷол мекунанд.

XS
SM
MD
LG