Ссылки доступа

Дар Узбекистон иттилоъ дар бораи қурбониёни савдои одамонро махфӣ эълом карданд


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 17 август қонун "Дар бораи мубориза зидди фурӯши одамон"-ро имзо кард. Бино ба ин қонун, иттилоъ дар бораи қурбониёни савдои одамон махфӣ нигаҳ дошта мешавад.

Дар қонун омадааст, ки шиносоии қурбониёни савдои одамон танҳо барои пайдо кардан ва расонидани кӯмаки зарурӣ ва ҳифзи онҳо ба роҳ монда мешавад.

"Ин ҳам дар ҳоле, ки иттилоъ дар бораи қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла гумонбарони ҷиноят, ҳолати содиршавии ҷиноят ошкор карда намешавад", - омадааст дар қонун.

Бино ба ин қонун, қурбониёни ин навъи ҷиноят ҳаққи дарёфти кӯмаки моддиро ба таври муваққат доранд. Қонун таъмини шуғлро ба онҳо пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG