Ссылки доступа

Тихановская аз Шӯрои Аврупо хост, натиҷаҳои интихоботи Белорусро эътироф накунад


Светлана Тихановская, номзади мақоми президентии Белорус аз Шӯрои Аврупо даъват кард, ки натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9 августи Белорусро эътироф накунад.

Ба гуфтаи Тихановсква, интихоботи рӯзи 9 август на одилона буд ва на шаффоф. Натиҷаҳои он дасткорӣ шуда, одамоне, ки барои ҳимоят аз раъйи худ ба кӯча баромада буданд, шиканҷаву ҳабс шуданд, омадааст дар муроҷиати Тихановская. "Ин ҳамин ҳоло дар дили Аврупо ҷараён дорад. Ман аз шумо даъват мекунам, ки ин интихоботи тақаллубиро эътироф накунед. Лукашенко дар чашми мардумаш ва тамоми дунё беэътибор шудааст", - гуфт Тахановская.

Вай ҳамзамон аз таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат дар кишвараш хабар дод, ки ба зудӣ интихоботи нави демократӣ эълом хоҳад кард.

Имрӯз Шӯрои Аврупо саммити маҷозии марбут ба Белорусро баргузор мекунад.

Бритониё, Канада, Ирландия, Латвия, Литва, Эстония ва инчунин вазирони хориҷии 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки натиҷаҳои интихоботи Белорусро эътироф намекунанд.

XS
SM
MD
LG