Ссылки доступа

Худоёр Худоёрзода гуфт, саломатиаш хуб аст, аммо ҳарфи ниҳоиро табибон мегӯянд


Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки ҳашт рӯз пеш бо захми корд дар бемористон бистарӣ шуд, гуфт, ҳолаш хуб аст, аммо ҳанӯз зери назорати пизишкон қарор дорад.

Ӯ хабари мақомотро дар бораи қасди худкушиаш шарҳ надод ва ҳамзамон гуфт, намедонад, кай аз беморхона рухсат мешавад. "Инро табибон муайян мекунанд. Ҳоло табобатам давом дорад", -- афзуд ӯ рӯзи 19-уми август дар суҳбати телефонӣ.

Худоёр Худоёрзодаи 62-соларо субҳи 11-уми август бо захми корд дар шифохонаи "Истиқлол" бистарӣ карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон расман гуфт, ки вазир қасди худкушӣ дошт ва ӯро наздиконаш наҷот доданд.

Дар ҳоле ки вазири нақлиёт ҳодисаро ба мо шарҳ надод, бархе аз ҳамкоронаш гуфтанд, Худоёрзода ба онҳо нақл кардааст, ки ҳангоми ҳодиса дар ҳолати "стресс" ё афсурдагӣ буд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11-уми август гуфт, Худоёрзода ба хотири мушкили оилавӣ қасд ба ҷонаш кардааст, вале як корманди Вазорати нақлиёт рӯзи 19-уми август гуфт: "Ин кор ба муноқишаи оилавӣ ва фаъолияташон дар Вазорати нақлиёт ягон рабт надорад. Дар ҳолати сахти равонӣ будаанд. Худашон (манзур Худоёрзода) ҳам мегӯянд, ки ҳайронам, чаро ин хел шуд. Дар хона ягон муноқишаи оилавӣ надорад, фарзандон ва оилаашон одамони хуб ҳастанд."

Бо гузашти даҳ рӯз аз қазияи, ба гуфтаи мақомот, қасди худкушии вазири нақлиёт ин ҳодиса норӯшаниҳои зиёде дорад. Додситонии кул ва наздикони Худоёрзода ҳозир нестанд дар бораи қазия зиёд суҳбат кунанд.

Додситонии кул танҳо бо як шарҳи кӯтоҳ дар ин бора худдорӣ кард ва гуфт, ҳодисаро таҳқиқ доранд. Рӯзи 19-уми август ҳадди ақал ду хешованди Худоёрзода гуфтанд, намехоҳанд дар ин бора суҳбат кунанд.

Қаблан як пизишки бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бе зикри номаш гуфта буд, вазири нақлиётро субҳи 11-уми август "бо ду захми корд оварданд." Маълум нест, ин ҳодиса чӣ гуна ва дар чӣ шароите иттифоқ уфтодааст.

Рӯзи 17-уми август сомонаи расмии Вазорати нақлиёт табрикоти Худоёр Худоёрзодаро ба кормандони роҳи оҳан низ нашр кард. Масъулони ин ниҳод гуфтанд, табрикотро бо дастури вазир чоп карданд.

Худоёр Худоёзода аз моҳи январи соли 2017 вазири нақлиёти Тоҷикистон аст. Дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2013 то 2017 ҳамчун раиси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон кор кардааст.

Ба иттилои расмӣ, ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо мавриди худкушӣ ё кӯшиши худкушии сокинонро сабт мекунанд. Додситони кул Юсуф Раҳмон моҳи апрели имсол дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ гуфта буд, ки соли 2019 дар кишвар 632 мавриди даст ба худкушӣ задани шаҳрвандонро сабт кардаанд.

Додситони кул ин рақамҳорро ташвишовар хонда, гуфта буд, ки Тоҷикистон барномаи махсуси пешгирӣ аз худкушӣ ва сӯйиқасди худкуширо қабул кардааст. Иҷрои ин барнома то соли 2023 дар назар аст.

XS
SM
MD
LG