Ссылки доступа

Вакилони мудофеи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев ба додситонии Қирғизистон муроҷиат карданд


Вакилони мудофеи рӯзноманигори узбекистонӣ Бобомурод Абдуллоев, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт шуд, ба додситонии кулли Қирғизистон шикоят бурданд. Вакилон аз амалкарди кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шикоят доранд.

Тимур Султонов, яке аз вакилони мудофеи Абдуллоев гуфт, аз як ҳафта ба ин тараф аст, ки онҳо наметавонанд, бо нафари зери ҳимояташон мулоқот кунанд.

Мақомоти амниятии Қирғизистон гуфтаанд, чораҳои беҳдоштии марбут ба коронавирус монеи мулоқот бо Абдуллоев шудаанд.

Пештар аз ин Кутликиз Балхибоева, ҳамсари Бобомурод Абдуллоев гуфта буд, ки эҳтимол дорад, мақомоти Қирғизистон ҳамсари ӯро пинҳонӣ ба Узбекистон истирдод кунанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки Бобомурод Абдуллоев рӯзи 8 август бо дархости Ӯзбекистон боздошт шудааст.

Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор, Абдуллоев дар Ӯзбекистон бо моддаи "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор мешавад.

Бобомурод Абдуллоев моҳи сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти амниятии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт шуда буд. Ӯро дар навиштани мақолаҳо зидди сохтори конститутсионии Узбекистон бо номи мустаор айбдор карданд.

Додгоҳ моҳи майи соли 2018 Абдуллоевро ба 1,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ раҳо кард.

Бобомурод Абдуллоев бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳсили муваққат ба шаҳри Бишкек омада буд. Аммо баъди анҷоми таҳсил ба далели баста шудани марзҳо натавонист, ки ин кишварро тарк кунад.

XS
SM
MD
LG