Ссылки доступа

Қирғизистон аз Чин хост, бо назардошти вабои коронавирус дар баргардонии қарз сабукӣ диҳад


Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков бо ҳамтои чиниаш Ван И гуфтугӯ кард. Яке аз мавзуҳои ин гуфтугӯ қарзи давлатии Қирғизистон аз Чин буд.

"Бо назардошти таъсири бади вабои вируси корона ба иқтисоди Қирғизистон вазири корҳои хориҷӣ аз ҷониби Чин дархост кард, ки дар баргардонии қарз сабукӣ диҳанд", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Посухи ҷониби Чин дастрас нест.

Ин дар ҳолест, ки Сооробой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон дар суҳбати телефонии рӯзи 14 август бо ҳамтои чиниаш Сӣ Ҷинпин айни ин дархостро карда буд.

Бино ба иттилои вазорати молияи Қирғизистон, қарзи хориҷии ин кишвар ба 4,1 миллиард доллар расидааст. Аз ин ҳисоб 43,2 дарсад ё 1 миллиарду 775 миллион доллар ба Бонки воридотиву содиротии Чин рост меояд.

Дар солҳои охир Чин чанде аз тарҳҳои бузурги энержӣ ва зерсохтории Қирғизистонро сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG