Ссылки доступа

Мухолифони Белорус ба роҳпаймоии нави умумимиллӣ омода мешаванд


Роҳпаймоии нави эътирозии умумимиллӣ дар Белорус қарор аст, якшанбеи 23 август баргузор шавад.

Мухолифон тасмим доранд, ҳамаи касонеро ба роҳпаймоӣ бароранд, ки бо натиҷаҳои расмии интихоботи президентии рӯзи 9 август розӣ нестанд. Дар эълони роҳпаймоӣ омадааст, ки ҷамъшавӣ дар маркази шаҳри Минск ва дигар шаҳрҳои Белорус аз нисфирӯзӣ оғоз мешавад. Ҳамчунин интизор меравад, Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон, ки бо ташаббуси ситоди интихоботии номзад ба мақоми президентӣ Светлана Тихановская таъсис шудааст, дар рӯзи роҳпаймоии навбатӣ барномаи худро муаррифӣ хоҳад кард.

Созмондиҳандагон аз Шӯрои ҳамоҳангсоз ва дигар иттиҳодияҳо мегӯянд, якшанбеи рӯзи 16 август дар Белорус бузургтарин эътироз дар таърихи нави ин кишвар баргузор шуд. Рӯзи якшанбе мухолифон се талаб доштанд: озодии фаврии тамоми боздоштшудаҳо ва зиндониёни сиёсӣ, истеъфои Александр Лукашенко ва ба додгоҳ кашидани кормандони мақомоти қудратӣ ва мансабдороне, ки дар куштор ва шиканҷаи эътирозгарон даст доранд.

Марш "За свободу"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:49 0:00

Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон, ки рӯзи 19 август ба кор шуруъ кард, аз мақомот хост, сари мизи музокирот нишинанд.

Мария Колесникова, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз дар нишасти хабарии рӯзи 19 август гуфт, ки мухолифон қасди барҳам задани сохти конститутсионӣ ва сиёсати хориҷии кишварро надоранд.

Ба иттилои комисияи марказии интихоботии Белорус, дар интихоботи рӯзи 9 август президенти амалкунанда Александр Лукашенко бо наздики 80 дарсади раъйи мардум пирӯз шудааст. Мухолифон мегӯянд, натиҷаҳои интихобот тақаллуб шуданд. Ба бовари онҳо, дар интихобот номзади мухолифон Светлана Тихановская пирӯз шудааст.

XS
SM
MD
LG