Ссылки доступа

Фуруди изтирории ҳавопаймои ҳомили Навалний. "Эҳтимол ӯ заҳролуд шудааст"


Алексей Навалний

Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия, бинобар заҳролудшавии эҳтимолӣ дар бемористоне дар шаҳри Омск таҳти муроқибати шадид қарор дорад.

Дар ин бора Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний, ки дар сафар аз Томск ба Маскав ӯро ҳамроҳӣ мекард, хабар додааст.

Дар ин паёми хонум Ярмиш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои гуногуни Русия чоп шуд, омадааст, "имрӯз, субҳ, Навалний аз Томск ба Маскав бармегашт. Ҳангоми парвоз бемор шуд. Ҳавопаймо фавран дар Омск фуруд омад".

Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба "Медиазона" аз қавли Кира Ярмиш навишт, Навалний дар ҳоли ҳозир беҳуш аст ва дар бахши эҳёи бемористон қарор дорад. "Фикр мекунем, Алексей аз чизе, ки дар чой омехта шуда буд, заҳролуд шуд. Ин танҳо чизе буд, ки ӯ субҳ нӯшид. Алексей акнун беҳуш аст".

Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Baza" хабар додааст, ки сиёсатмадор акнун дар ҳоли муроқибати сахт дар бахши эҳё қарор дорад ва табибон ӯро бо дастгоҳи нафасдиҳӣ васл кардаанд. Хабаргузории русии ТАССС бо такя ба сартабиби бемористони ёрии таъҷилии Омск вазъи саломатии Навалнийро "сангин" гуфтааст.

Ба иттилои "Тайга.инфо", Навалний чанд рӯз дар Сибир буд ва дар онҷо барои таҳқиқоти баъдиаш маълумот ҷамъ мекард. Дар оғоз ӯ ба Новосибирск омад, бо довталабон мулоқот кард ва аз онҷо ба Томск рафт.

Навалний аз ин қабл низ борҳо мавриди фишор ва ҳамлаҳо қарор гирифта буд. Аз ҷумла, дар ҳодисаи рӯзи 27-уми апрели соли 2017 ҳамлагаре ба рӯйи Навалний "зеленка" рехт. Худи сиёсатмадор он замон гуфт, ки баъди ҳамла чашми росташ 85 дарсад қувваи биноиашро аз даст додааст. Баъдан барои муолиҷа ба шаҳри Барселонаи Испания рафт, ҳарчанд мақомоти Русия талош карданд монеи сафари ӯ ба хориҷ шаванд.

Алексей Навалний аз раҳбарони мухолифони ҳукумати Русия мебошад ва тобистони соли гузашта 30 рӯзро дар зиндон сипарӣ карда буд. Ӯро ба нақзи қонуни баргузории гирдиҳамоӣ ва ҳамоишҳо, муттаҳам карда буданд.

XS
SM
MD
LG