Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон шикаст дар баробари гуруҳҳои ҷиноиро эътироф карданд


Омурбек Суваналиев, муовини дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфт, ки мақомоти кишвараш муборизаро бо гуруҳҳои ҷиноӣ бохтаанд.

Ба гуфтаи вай, пушти чанде аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки тасмими ширкат дар интихоботи порлумониро доранд, "афроди сияҳкор" меистанд ва номзадҳои интихоботӣ дар хизмати онҳо ҳастанд.

"Дар порлумони Қирғизистон, дар ҳама ҷо дар бораи фасод суҳбат мекунанд. Аммо касе намегӯяд, дар раъси фасод гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ қарор доранд ва ҳамаро идора мекунанд. Метарсанд, ки фардо ба суроғи онҳо меоянд. Зеро мақомот муборизаро бо гуруҳҳои ҷиноӣ бохтаанд", - гуфт Суваналиев рӯзи 19 август дар анҷумани ҳизби "Бутун Қирғизистон". Суваналиев тасмим дорад, аз ин ҳизб дар интихоботи порлумонӣ номзад шавад.

Моҳи декабри соли 2019 вазири корҳои дохилии Қирғизистон Қашқар Ҷунушалиев хабар дод, ки дар ин кишвар се гуруҳи ҷиноӣ бо 421 узв амал мекунад.

Интихоботи порлумонии Қирғизистон 4 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG