Ссылки доступа

Занозанӣ дар Душанбе. Як ҷавон ҳалок шуд, чанд ҷавони дигарро дастгир кардаанд


Дар пайи занозании гуруҳе аз ҷавонон дар шаҳри Душанбе як сокини 24-солаи пойтахт ҷон бохтааст ва ҷасади ӯро рӯзи 19-уми август ба хок супурданд.

Ҳанӯз сабаби занозанӣ маълум нест.

Хонаводаи Баҳром Яъқубов талаб доранд, ки гунаҳкорони марги ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, дар робита ба ин ҳодиса чанд ҷавон боздошт шудааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Баҳром Яъқубов дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе мезист. Наздиконаш гуфтанд, ӯро баъд аз нисфирӯзии 18-уми август дар наздикии хонаашон як гуруҳи ҷавонон задаанд. Баъзе аз шоҳидон гуфтанд, ҳамлаварон чаҳор нафар буданд.

Мирмаҳмад Додов, яке дӯстони Баҳром Яъқубов гуфт, ду соат пеш аз ҳодиса ӯро дида буд, вале дар бораи кадом мушкиле ҳарф назад. "Онҳое, ки ӯро задаанд, якдигарро мешинохтанд. Дар гузашта дар байнашон муноқишае нашуда буд. Ҳар рӯз якдигарро медиданд, бачаҳои хуб буданд. Шояд ягон нофаҳмӣ шудааст", -- афзуд ӯ.

Ҳанӯз маълум нест, ки латукӯби маргбори ҷавон дар заминаи кадом баҳс сурат гирифтааст. Як ҳамсуҳбати мо дар маҳалли ҳодиса, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, "ин латукӯб дар заминаи баҳси вобаста ба қарз сурат гирифтааст. Вақти латукӯб аз корд ё силоҳи дигар истифода нашудааст. Ӯро зада, ба ин ҳол расондаанд."

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми август дар хабари кӯтоҳе гуфт, дар робита ба марги ҷавон як гурӯҳ аз сокинони 19 ва 20-соларо боздошт намудааст. Онҳо барои "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" гумонбаранд. Ба сабаби он ки вазорат аз гумонбарон ном набурдааст, пайдо кардани хонаводаи онҳо ва вакилони мудофеашон муяссар нашуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сокини 24-солаи Душанбе баъд аз латукӯб сахт маҷруҳ шуда, дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Наздикони Баҳром Яъқубов қазияи латукӯбро шарҳ додан нахостанд, танҳо изҳор доштанд, ки хостори баррасии мунсифонаи парвандаи марги ӯ ҳастанд. Баҳром Яъқубов, писари ягонаи хонадон ва соҳиби маълумоти олӣ буда, ният доштааст, ба наздикӣ оила барпо кунад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол беш аз дуним ҳазор ҷавон зиёда аз 2730 "ҷиноят" кардаанд.

XS
SM
MD
LG