Ссылки доступа

Яке аз соҳибнуфузони ҷиноии Русияву Озарбойҷон дар Туркия кушта шуд


Расонаҳои Туркия субҳи 20 август хабар доданд, ки Нодир Салифов, яке аз соҳибнуфузони ҷиноии Озарбойҷону Русия дар Анталияи Туркия кушта шудааст.

Расонаҳо навиштанд, ки ӯро дар меҳмонхонае паррондаанд. Пулис гумонбарро боздошт кардааст.

Салифови 47-сола озартабор буд, аммо дар Гурҷистон ба дунё омадааст. Падару модари вай баъди таваллуди Нодир ба Озарбойҷон кӯч бастанд. Нодир Салифов дар Озарбойҷон аз хурдӣ ҷинояткорӣ мекард: нисбати ӯ борҳо бо моддаҳои дуздӣ, авбошӣ ва одамрабоӣ парванда боз кардаанд. Вай борҳо зиндонӣ шудааст. Дар солҳои 1990 додгоҳи Озарбойҷон ӯро нахуст 15 ва баъдан 27 сол зиндонӣ кард. Нодир аз ин ҳукм дар маҷмуъ 22 солро дар зиндон сипарӣ кард. Нодир Салифов аз зиндони Озарбойҷон гуруҳи зери роҳбариаш, аз ҷумла гуруҳи ҷиноии озариҳоро дар Русия роҳбарӣ мекард.

Соли 2014 Салифов муваффақ шуд, ки се бозори бузурги шаҳри Москваро таҳти назорат дарорад. Дар Русия нисбати вай чанд парванда боз шуда буд. Ӯро дар одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ айбдор мекарданд.

Салифов баъди раҳо шудан аз зиндон насабашро ба Исмоилов иваз ва Озарбойҷонро тарк кард.

XS
SM
MD
LG