Ссылки доступа

БМФ: пулис маводеро пайдо кард, ки Навалнийро бо он заҳролуд сохта буданд


Пулиси нақлиёт маводеро пайдо кард, ки сиёсатмадори рус Алексей Навалнийро бо он заҳролуд сохта буданд. Дар ин бора мудири Бунёди мубориза бо фасод (БМФ) Иван Жданов хабар дод.

Ба гуфтаи Жданов, пулис бо такя ба сирри тафтишот, ҷузъиёти моддаро ошкор накард.

Сартабиби беморхонаи шаҳри Омск, ки Навалний онҷо бистарӣ аст, дар посух ба хабари пайдо шудани модда гуфтааст: "Ёфтанд, ки ёфтанд".

Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний гуфт, ба пизишкони беморхонаи шаҳри Омск эътимод надорад. Вай мегӯяд, пизишкон шавҳари ӯро дар беморхона беҷиҳат нигаҳ медоранд ва иҷозат намедиҳанд, ки барои табобат ба Аврупо интиқол дода шавад.

Субҳи рӯзи ҷумъа ҳавопаймое барои интиқоли Навалний ба Олмон дар фурудгоҳи шаҳри Омск нишаст.

Ахиран Навалний аз Томск ба Москва бармегашт. Дар ҳавопаймо вазъи вай бад шуд. Халабонҳо ҳавопайморо дар шаҳри Омск фуруд оварданд. Навалний ба беморхона интиқол дода шуд. Вай дар ҳолати кома қарор дорад ва ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст шудааст. Пизишкон то кунун нагуфтаанд, ки мухолифи ҳукумати Русия аз чи чиз заҳролуд шудааст.

XS
SM
MD
LG