Ссылки доступа

Баъд аз рафтани эътирозгарон, Лукашенко силоҳ ба даст ва ҷавшан ба тан пайдо шуд


Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ки бахше аз мардум зиёда аз ду ҳафта боз истеъфояшро талаб доранд, шоми 23-юми август, баъди пароканда шудани норозиён, бо чархбол хиёбони марказии Минскро "гашт".

Ӯ дар даст силоҳ ва дар тан ҷавшан ё либоси тирногузар дошт. Лукашенкоро писари понздаҳсолааш Николай ҳамроҳӣ мекард. Ин наворро хадамоти матбуоти президенти Белорус пахш кард.

Рӯзи 23-юми август дар шаҳри Минск "Роҳпаймоии Белоруси нав" баргузор шуд ва дар он ҳазорҳо нафар иштирок карданд.

Лукашенко баъд аз "назорати" хиёбонҳо бо чархбол ба Қасри Истиқлол баргашт ва ба нирӯҳои ОМОН ибрози сипос намуд ва ҳамзамон гуфт, "мо бо онҳо ҳисобу китоб мекунем".

Интихоботи президентӣ дар Белорус рӯзи 9-уми август баргузор шуд. Аз он замон то кунун гуруҳе аз сокинон ба натиҷаҳои расмии интихобот, ки Лукашенкоро бори дигар пирӯз эълон кардааст, норозиянд ва истеъфои ӯ ва баргузори интихоботи навро талаб доранд. Эътирозгарон мегӯянд, дар ҳисоби раъйи мардум тақаллуб сурат гирифтааст.

Аммо Лукашенкои 65-сола, ки аз соли 1994 боз дар сари қудрат аст, худро пирӯзи ин корзори сиёсӣ медонад ва иддао дорад, 80 дарсади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Рақиби асосии ӯ дар ин интихобот Светлана Тихановская, ки ҳоло дар Литва паноҳ бурдааст, мегӯяд, 60-70 дарсади интихобкунандагон аз ӯ пуштибонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG