Ссылки доступа

Вакили пешини Қирғизистон аз зиндон раҳо шуд. Додгоҳ ӯро дар қочоқи мол айбдор карда буд


Дамирбек Алисбек уулу, вакили пешини порлумони Қирғизистон аз зиндон раҳо шуд. Дар ин бора аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон хабар доданд.

Асилбек уулу барои таъсиси гуруҳи ҷиноӣ ва қочоқи мол дар Қазоқистон зиндонӣ шуда ва дертар ба Қирғизистон истирдод гардид. Додгоҳи Қирғизистон ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Муҳлати зиндони вай аз 15 феврали соли 2018 ҳисоб мешуд. Ҳамакнун вакили пешин шартан пеш аз муҳлат аз зиндон озод шудааст. Ҷузъиёти дигари озодии Асилбек уулу дар дастрас нест.

Дамирбек Асилбек уулу 18 ноябри соли 2018 аз Қазоқистон ба ватан истирдод шуд. Расонаҳо хабар доданд, ки ҳамроҳи вай ду қирғизистонии дигар низ ба ватан бозпас фиристода шуданд.

Дар бораи боздошти вакили пешини порлумони Қирғизистон Асилбек уулу 16 феврали соли 2018 хабар расид. Мақомоти Қазоқистон дар пайи як рейд аз боздошти 29 гумонбар хабар доданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Баъдтар Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон мандати вакилии Асилбек уулуро бекор кард.

XS
SM
MD
LG