Ссылки доступа

Расонаҳо: Навалнийро ҳамчун меҳмони садри аъзам ба Олмон бурданд


Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати Русияро дар бемористони "Шарите"-и Берлин ҳамчун меҳмони садри аъзами Олмон бистарӣ карданд.

Расонаҳо навиштанд, ки ба хотири муҳофизати беҳтар аз сӯи пулис ба бемор чунин мақом дода шудааст.

Рӯзи 20 август Навалний аз Томск ба Москва парвоз дошт. Дар ҳавопаймо вазъи сиҳатии ӯ бад шуд ва беҳуш гардид. Халабонҳо ҳавопайморо дар шаҳри Омск шинонданд. Навалний дар бемористони Омск бистарӣ шуд ва ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст гардид.

Рӯзи 22 август бо як ҳавопаймои махсус Навалнийро ба шаҳри Берлин бурданд. Леонид Волков, ҳамсафи Навалний гуфт, ки парвози ӯро тоҷир Борис Зимин пардохт кардааст.

Ҳамсафон ва наздикони Навалний бовар доранд, ки ӯро заҳролуд кардаанд. Пизишкони беморхонаи Омск заҳролудшавии Навалнийро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG