Ссылки доступа

Баъди сабуксозии карантин дар Узбекистон шумори издивоҷҳо ба якборагӣ афзудааст (видео)


Мақомоти Узбекистон чораҳои карантинро сар аз 15 август сабуктар ва ба баргузории тӯйҳоро бо иштироки на бештар аз 30 одам иҷозат доданд. Ин иҷозат боис шуд, ки шумори издивоҷҳо дар он кишвар ба якборагӣ афзоиш ёбад.

"Соат аз 9 гузаштааст, аммо идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) ҳанӯз боз нашудааст. Одамон чораҳои карантинро риоя намекунанд", - гуфт як сокини Самарқанд, ки навбатпоии ҷавононро пушти дари идораи сабти никоҳҳо ба навор гирифтааст.

Як корманди идораи сабти никоҳҳо дар Самарқанд гуфт, танҳо рӯзи 19 август то нисфирӯз наздики 50 аризаи бастани ақди никоҳ дарёфт кардаанд.

"Баъди иҷозат шудани баргузории тӯйҳо дархости бастани ақди нигоҳ ба идораи мо якбора афзоиш ёфт. Барои мисол, дар як рӯз наздики 50 дархост ворид шуд, дар ҳоле, ки одатан мо дар рӯз ҳадди аксар то 10 ариза дарёфт мекардем", - гуфт корманди сабти ақди никоҳҳо дар Самарқанд, ки нахост номаш зикр шавад.

Бино ба қарори Комисияи вижаи ҷумҳурии Узбекистон, сар 15 август баргузории маъракаҳои хонаводагӣ, тӯю сур бо иштироки на бештар аз 30 одам иҷозат аст. Дар ин гуна маъракаҳо танҳо наздиктарин хешовандон ҳаққи ширкат карданро доранд.

Бино ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, то рӯзи 23 август дар он кишвар 36 ҳазору 946 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона ва 273 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG