Ссылки доступа

Дар Қазоқистон дар як рӯзи гузашта 175 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд


Мақомоти тандурустии Қазоқистон хабар доданд, ки дар як рӯзи гузашта дар он кишвар 175 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.

Ҳамзамон, хабар дода мешавад, ки дар як рӯзи гузашта 84 ҳолати "илтиҳоби шабеҳ ба вируси корона" дар он кишвар сабт шудааст. Мақомот аз марги 2 одам низ аз вируси корона хабар медиҳанд.

Дар маҷмуъ, дар он кишвар 104 ҳазору 718 кас ба вируси корона гирифтор ва 1523 каси дигар аз ин вирус фавтидааст.

XS
SM
MD
LG