Ссылки доступа

Ҳалокати ду халабони тоҷик дар Судони Ҷанубӣ


Дар пайи суқути ҳавопаймои Ан-26 дар Судони Ҷанубӣ ду халабони тоҷик ба ҳалокат расидаанд. Хабаргузории "Азия-Плюс" гуфт, ҳодиса рӯзи 22-юми август, баъди чанд лаҳзаи ба ҳаво бархостани ҳавопаймои ширкати South West Aviation рух дод.

Ҳавопаймо аз фурудгоҳи шаҳри Ҷуба ҳаракат карда буд. Дар маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба хабаргузорӣ гуфтаанд, дар ин ҳодиса Парвиз Қодиров ва Мирсултон Мираҳмедов ҷон бохтанд. Ба иттилои вазорат, Парвиз Қодиров ҳафтае пеш аз ҳодиса барои кор ба Судон рафта буд.

Мирсултон Мираҳмедов ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доштааст. Ҷузъиёти ҳодиса дастрас нест. Яке аз наздикони Парвиз Қодиров аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ҷасади ӯро аз Судон ба ватан биоранд.

Соли 2012 бар асари суқути чархболе, ки дар Афғонистон барои нирӯҳои НАТО кор мекард, чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуданд. Ин чархбол ба ширкати “Supreme Food” тааллуқ дошт ва дар ғарби вилояти Зобул суқут карда буд.

XS
SM
MD
LG