Ссылки доступа

Бемористони Олмон заҳролудсозии Навалнийро тасдиқ кард


Бемористони олмонии Шарите тасдиқ кард, ки мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний бо моддаҳои кимиёие заҳролуд шудааст. Дар ин бора сухангӯи Навалний Кира Ярмиш хабар дод.

Немецкая клиника: Навальный был отравлен
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:37 0:00

"Хулосаҳои озмоиш тасдиқ мекунанд, моддае ки Навалнийро бо он заҳролуд кардаанд, ба гуруҳи моддаҳои маъруф ба холинэстеразҳои ингибиторӣ рабт дорад. Таркиби модда ҳоло дақиқ нашудааст, ба ҳамин далел як озмоиши дигар таъйин шуд", - хабар додааст бемористоне, ки Навалний онҷо бистарӣ аст.

Пизишкон гуфтанд, Навалнийро то кунун дар ҳолати кома нигаҳ медоранд, вале ба ҳаёти хатаре таҳдид намекунад.

Кира Ярмиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки вазъи сиёсатмадор муътадил аст.

Ярмиш ҳамзамон хабар дод, доир ба заҳролудсозии Навалний то кунун парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Рӯзи 20 август Навалний аз Томск ба Москва парвоз дошт. Дар ҳавопаймо вазъи сиҳатии ӯ бад шуд ва беҳуш гардид. Халабонҳо ҳавопайморо дар шаҳри Омск шинонданд. Навалний дар бемористони Омск бистарӣ шуд ва ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст гардид.

Рӯзи 22 август бо як ҳавопаймои махсус Навалнийро ба шаҳри Берлин бурданд. Леонид Волков, ҳамсафи Навалний гуфт, ки парвози ӯро тоҷир Борис Зимин пардохт кардааст.

Ҳамсафон ва наздикони Навалний бовар доранд, ки ӯро заҳролуд кардаанд. Пизишкони беморхонаи Омск заҳролудшавии Навалнийро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG