Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ба касоне ҷубронпулӣ пардохт мешавад, ки дар бемористонҳо гирифтори ВНМО/СПИД шудаанд


Президенти Қирғизистон тағйиру иловаҳо ба Қонун "Дар бораи ВНМО/СПИД дар Ҷумҳурии Қирғизистон"-ро имзо кард. Дар ин бора аз ҳукумати он кишвар хабар доданд.

Ҳуҷҷати имзошуда пешбинӣ кардааст, шаҳрвандоне, ки дар беморхонаҳо гирифтори вируси норасоии масунияти одам шудаанд, ҷубронпулии якдафъаина дарёфт хоҳанд кард.

Бино ба қонун, кӯмаки якдафъаина набояд аз 100 ҳазор сом (муодили тақрибан 14 ҳазор сомонӣ) кам бошад.

Пардохти ҷубронпулӣ аз 1 марти соли 2022 шуруъ хоҳад шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, сар аз соли 2005 то 1 майи соли 2018 дар Қирғизистон 632 кӯдаки то 14-сола ба ВНМО мубтало шудааст. То соли 2018 дар он кишвар 45 кӯдак аз ин вирус фавтидааст.

XS
SM
MD
LG