Ссылки доступа

Зоиров аз эҳтимоли таҳрими интихоботи президентӣ сухан гуфт


Раҳматилло Зоиров

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат намеварзад ва қасд дорад, ин корзори сиёсиро таҳрим кунад.

Сиёсатмадори шинохта дар як баёнияи расмӣ дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст: "Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва раиси Ҳизби сотсиал-демократ нияти ширкат дар интихобот ва машруият бахшидан ва ё қонунманд кардани интихоботи феълии ғайриқонунӣ, зиддиконститутсионӣ ва зиддимардумии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро надорам."

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор мешавад. То ҳоло 4 нафар барои ширкат дар он номзад пешбарӣ шудаанд.

Дар баёнияи сиёсӣ, ки рӯзи 24-уми август дар саҳифаи хусусии Раҳматулло Зоиров нашр шуд, чанд сабаби даст кашидан аз ширкат дар интихобот ва таҳрими эҳтимолии он зикр шудааст. Ӯ аз ҷумла гуфтааст, яке аз сабабҳо ин аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад, раиси ҳизб бошад ва раҳбарии ӯ дар Ҳизби халқии демократӣ системаи бисёрҳизбиро дар Тоҷикистон аз байн бурда ва "ҷумҳуриро ба низоми яккаҳизбӣ табдил додааст".

Зоиров навиштааст: "Умедворам, Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократ бо дастгирӣ аз баёнияи сиёсии ман, интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020-ро таҳрим мекунад."

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳоло ин баёнияро шарҳ надодаанд.

Раҳматулло Зоиров, ки дар гузашта мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, аз соли 2002 то кунун раиси Ҳизби сотсиал-демократ аст ва сиёсатҳои ҳукуматро пайваста танқид мекунад. Ӯ дар гузашта борҳо гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1994 то кунун раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ҳақ надорад, дар интихоботҳо ширкат кунад.

Яке дигар аз сабабҳое, ки ба гуфтаи Раҳматулло Зоиров ӯро водор кард, дар интихобот ширкат наварзад, қабули Қонуни нав дар бораи Кумиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон дар соли 2019 аст. Ба гуфтаи ӯ, "бар асоси ин қонун намояндагони аҳзоби сиёсӣ ҳақ надоранд, ба комиссияҳои марказиву маҳаллии интихобот шомил шаванд ва онҳо аз ҳисоби намояндагони ҳукумати иҷроия ва Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ташкил карда мешаванд."

Ба гуфтаи Раҳматулло Зоиров, "аз 31 ҳазор узви комиссияҳои интихоботӣ дар ҳамаи сатҳҳо 25 500 нафари онҳо расман узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳастанд."

Раиси ин ҳизби мухолифи ҳукумат гуфтааст, ки таъйини санаи интихобот на дар рӯзи 6-уми ноябр, балки рӯзи 11-уми октябр бар хилофи Конститутсия аст ва аз ин рӯ "ғайриқонунӣ, зиддиконститутсионӣ ва зиддимардумӣ аст".

Аммо вакилони Маҷлиси олӣ рӯзи 6-уми август ҳангоми таъйини санаи интихобот гуфтанд, ки як моҳ пештар баргузор кардани интихобот мухолифи ҳеҷ қонун нест ва барои роҳ надодан ба сирояти васеи коронавируси нав дар Тоҷикистон мебошад.

Раҳматулло Зоиров ҳамчунин ҳукуматро ба он муттаҳам кардааст, ки дониста, механизми ҷамъоварии имзо барои сабти номи довталаби курсии раиси ҷумҳурро печида кардааст, то аҳзоби дигар 5 дар сади имзои тамоми раъйдиҳандагон ё 250 ҳазор имзо ҷамъ оварда натавонанд.

Дар Тоҷикистон то кунун, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, раисони худро довталаби курсии раиси ҷумҳур эълон карданд. Аммо ҳамаи ин афрод, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ҳастанд, ҳамеша аз сиёсатҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят кардаанд. Мунтақидон мегӯянд, пешбарии номзадии ин афрод, саҳнасозӣ ва рақобатӣ вонамуд кардани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст.

Ҳизби халқии демократӣ то кунун номзади худро эълон накардааст ва як сол бештар мешавад, ки баҳсу тахминзаниҳо ҳаст, ки худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ё писари ӯ Рустами Эмомалӣ шояд дар интихобот ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG