Ссылки доступа

Зане дар вилояти Тошканд баъди ҷанҷол бо шавҳар талоши худкушӣ кард. Ӯро наҷот доданд


Дар Узбекистон занеро наҷот доданд, ки баъди ҷанҷол бо шавҳар худро ба канал андохт. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, ин ҳодиса рӯзи 24 август рух додааст.

Мақомоти он кишвар мегӯянд, зани соли таваллудаш 1992 баъди нисфирӯзии рӯзи 24 август бо шавҳараш ҷанҷол карда, дар ҳолати қаҳру ғазаб худро ба канал ҳаво додааст.

Шоҳидони ҳодиса фавран ба хадамоти наҷот хабар расониданд ва дар натиҷа зан наҷот дода шуд. Мақомот мегӯянд, айни замон вазъи зан муътадил аст.

XS
SM
MD
LG