Ссылки доступа

Дар Узбекистон сар аз соли оянда чанд навъи иҷозатномаҳоро бекор мекунанд


Сар аз 1 январи соли 2021 дар Узбекистон 37 навъи литсензия ва 10 навъи муҷаввизро бекор мекунанд. Дар ин бора Фармони президенти он кишвар "Дар бораи чораҳои такмили раванди иҷозатномадиҳӣ ва литсензия" қабул шудааст.

Бино ба ин қарор:

  • 37 навъи литсензия ва 10 навъи иҷозатнома;
  • тавассути ҳамроҳсозӣ 16 навъи литсензия ва 11 навъи иҷозатнома;
  • тавассути ба роҳ мондани огоҳӣ додан 17 навъи литсензия ва 4 навъи иҷозатнома бекор мешавад;
  • муҳлати сабти 14 навъи литсензия ва ҳуҷҷатҳои дорои характери иҷозатнома кам карда мешавад;
  • дарёфти 115 навъи дигари литсензия ва иҷозатнома сода гардонида мешавад.

Сар аз 1 январи соли 2021 дарёфти сертификат барои ширкатҳои сайёҳӣ ихтиёрӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG