Ссылки доступа

Думаи давлатии Русия аз эҳтимоли иғвои хориҷӣ дар қазияи Навалний хабар дод


Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия ба кумитаи амният ва муқобила бо фасоди порлумони кишвараш дастур дод, ки қазияи заҳролудшавии мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалнийро тафтиш кунанд.

Володин ба хотири он дастурри мазкурро содир кард, ки "дақиқ карда шавад, оё қазияи мазкур талоши кишварҳои хориҷӣ бо ҳадафи таъсиси шиддат дар дохили кишвар ва часпонидани айби навбатӣ ба Русия набудааст".

Володин гуфтааст, ба эҳтимоли иғво будани заҳролудшавии Навалний изҳороти садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеф Боррелӣ далолат мекунад. Ҳар ду сиёсатмадори аврупоӣ аз ҳукумати Русия даъват карданд, ки тафтиши қазияи заҳролудшавии Навалнийро шаффоф гузаронанд ва ҳамаи гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд.

Рӯзи 20 август Навалний аз Томск ба Москва парвоз дошт. Дар ҳавопаймо вазъи сиҳатии ӯ бад шуд ва беҳуш гардид. Халабонҳо ҳавопайморо дар шаҳри Омск шинонданд. Навалний дар бемористони Омск бистарӣ шуд ва ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст гардид.

Рӯзи 22 август бо як ҳавопаймои махсус Навалнийро ба шаҳри Берлини Олмон бурданд. Леонид Волков, ҳамсафи Навалний гуфт, ки парвози ӯро тоҷир Борис Зимин пардохт кардааст.

Ҳамсафон ва наздикони Навалний бовар доранд, ки ӯро заҳролуд кардаанд. Пизишкони беморхонаи Омск заҳролудшавии Навалнийро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG