Ссылки доступа

Ӯзбекистон ба барномаи ваксинаи зидди коронавирус пайваст


Вазорати тандурустии Ӯзбекистон 25 август, иттилоъ дод, ки ин кишвар ба барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар бораи гузаронидани ваксинаи зидди коронавирус шомил шуд.

"Намояндагони Бюрои аврупоии минтақавии СҶТ - Олег Стороженко ва Таня Шмид дар ҳоли ҳозир дар кишвари мо қарор дошта, дар табобати мубталоёни коронавирус бевосита иштирок доранд", - омадааст дар иттилоияи вазорати тандурустии Ӯзбекистон.

СҶТ феълан бо ҳамаи истеҳсолкунандагони ваксина ҳамкорӣ дорад ва ин механизм ба таъмини дастрасии баробари ҳамаи кишварҳои узв ба ваксинаҳои дорои иҷозатнома равона шудааст.

Дабири кулли СҶТ Тедрос Гебрейесус дар як нишасти хабарӣ дар Женева гуфт, 172 кишвар ба механизми байналмилалии СOVAX оид ба коркард ва паҳни ваксинаи зидди коронавирус пайвастааст.

Дар ҳоли ҳозир дар сабади СҶТ 9 ваксина мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG