Ссылки доступа

Вакили пешини зиндонии қирғиз баъди истирдод ба ватан афв шуд


Дамирбек Алисбек уулу, вакили пешини порлумони Қирғизистон, ки дар Қазоқистон бо гумони қочоқи мол зиндонӣ ва ба Бишкек истирдод гашта буд, афв шудааст.

Дар ин бора Додгоҳи олии Қирғизистон баъди баррасии дубораи парвандаи ӯ хабар дод.

Дар додгоҳ гуфтанд, ки парвандаи Алисбек уулуро "бо назардошти далелҳои нав" бозбинӣ карданд. Додгоҳ вайро дар доираи парвандаи "Ташкили гуруҳи ҷиноӣ" сафед ва бар асоси банди "Қочоқи иқтисодӣ" 3 сол зиндонӣ кард. Нисбати ӯ қонуни афв бахшида ба 10-солаии Ҳаводиси апрелии Қирғизистон иҷро ва вай аз зиндон озод карда шуд.

Асилбек уулу барои таъсиси гуруҳи ҷиноӣ ва қочоқи мол дар Қазоқистон зиндонӣ шуда ва дертар ба Қирғизистон истирдод гардид. Додгоҳи Қирғизистон ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Муҳлати зиндони вай аз 15 феврали соли 2018 ҳисоб мешуд. Ҷузъиёти дигари озодии Асилбек уулу дар дастрас нест.

Дамирбек Асилбек уулу 18 ноябри соли 2018 аз Қазоқистон ба ватан истирдод шуд. Расонаҳо хабар доданд, ки ҳамроҳи вай ду қирғизистонии дигар низ ба ватан бозпас фиристода шуданд.

Дар бораи боздошти вакили пешини порлумони Қирғизистон Асилбек уулу 16 феврали соли 2018 хабар расид. Мақомоти Қазоқистон дар пайи як рейд аз боздошти 29 гумонбар хабар доданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Баъдтар Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон мандати вакилии Асилбек уулуро бекор кард.

XS
SM
MD
LG