Ссылки доступа

Дар бештари мактабҳои Ӯзбекистон соли хониш 14 сентябр оғоз мешавад


Вазорати маорифи Ӯзбекистон қарор кардааст, ки соли нави хониш дар бештари мактабҳои ин кишвар 14 сентябр оғоз шавад.

Дар минтақаҳое, ки давоми як ҳафтаи ахир мубталошавӣ ба коронавирус сабт нагаштааст, дари мактабҳо 7 сентябр шуруъ хоҳад шуд.

Вазири маорифи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов гуфт, дар баробари таҳсили анъанавӣ дарсҳои онлайнӣ низ идома хоҳанд ёфт, то волидон якеро интихоб кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, коршиносон се сенарияи оғози соли хониш - боз кардани мактабҳо, гузариш ба таҳсили онлайнӣ ва кушодани мактабҳову ҳамзамон идома ёфтани дарсҳои онлайниро пешниҳод кардаанд.

Барои фаҳмидани назари волидон назарпурсие дар Телеграм анҷом шуда, 70%-и пурсидашудаҳо гуфтаанд, ба хотири саломатии фарзандонашон нигаронанд ва бинобар ин, ба таҳсили онлайнӣ авлавият медиҳанд.

XS
SM
MD
LG