Ссылки доступа

Захираи тилои Бонки миллии Қирғизистон ба сатҳи таърихӣ расидааст


Ҳаҷми захираи тилои Бонки миллии Қирғизистон (БМҚ) ба 3 миллиарду 82 миллион доллар расидааст.

Раиси бонк Толкунбек Абдигулов гуфт, аз замони таъсиси БМҚ ин баландтарин нишон дод аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми мазкури захираи тило ба рӯйпуш кардани воридоти Қирғизистон ба муҳлати шаш моҳ имкон медиҳад. Раиси БМҚ гуфт, ният доранд бо роҳи иштироки фаъол дар бозори металҳои қиматбаҳо захираи тилоро боз ҳам бештар кунанд.

Бонки милли Қирғизистон мегӯяд, ҳаҷми таваррум дар ин кишвар то охири соли аз 5 то 7 дарсад хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG