Ссылки доступа

Қазоқистон барои хабар додан дар бораи нақзи карантин то $70 мукофот медиҳад


Раиси вилояти Қазоқистони Ғарбӣ Галӣ Искалиев гуфт, ба ҳар сокини маҳаллие, ки аз баргузории чорабинии оммавӣ дар давраи карантин ба маркази санитарӣ - эпидемиологӣ ё пулис хабар медиҳад, мукофот хоҳад дод.

"Мо метавонем ба онҳое мукофот диҳем, ки дар қайди ҳолатҳои баргузории чорабиниҳои оммавӣ мусоидат мекунанд. Ҳоло бархеҳо ин корро хабаркашӣ мегӯянд. Вале ин тавр нест. Ин дастгирии ҷомеа аст. Барои он маблағ ҷудо шудааст", - афзуд Искалиев.

Ба гуфтаи вай, 130 гуруҳи нозир "наметавонанд аз субҳ то шом ба ҳамаи минтақаҳои аҳолинишин рафта, қонуншиканиҳоро сабт кунанд". Бинобар ин, мақомоти вилоят ба кумаки сокинони маҳаллӣ ниёз доранд.

Мақомоти Қазоқистони Ғарбӣ дақиқ нагуфтанд, ки мукофотпулии мазкур чи қадар аст. Вале сардори Идораи молияи вилоят Дулат Имашев гуфт, он аз 27 780 танга (ҳудуди 70 доллар) зиёд нахоҳад буд.

Дар Қазоқистон шумори умумии мубталоёни коронавирус то 26 август ба 105 075 расида, аз ин миён 1544 бемор фавтидааст. Ба илтиҳоби шуш, ки яке аз нишонаҳои коронавирус аст, 23 543 кас мубтало шуда, 268 нафар ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG