Ссылки доступа

Фаронса барои сохтмони неругоҳ ба Узбекистон 56 миллион евро қарз медиҳад


Вазорати энержии Узбекистон хабар дод, ки миёни ин кишвар ва Оҷонси фаронсавии рушд рӯзи 25 август дар ҳаҷми 55,8 миллион евро шартномаи қарзӣ имзо шудааст.

Ин қарз ба муҳлати 20 сол ба Узбекистон дода шудааст. 46,5 миллион еврои ин қарз барои сохтмони чанд неругоҳи обӣ сарф мешавад.

Эҳтимол меравад, ки неругоҳҳо соли 2023 ба истифода дода шаванд.

Бо маблағи боқимондаи қарз корҳои симкашонӣ ва таъмини бехатарии корҳои сохтмонӣ анҷом дода мешавад.

XS
SM
MD
LG