Ссылки доступа

Блогери ӯзбек баъди бозтоби занозанӣ дар Сӯх 10 рӯз ҳабс шуд


Блогер аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон Дадахон Ҳайдаров, ки саҳифаи шахсиаш дар Ютуб беш аз 800 ҳазор бинанда дорад, 10 рӯз ҳабс шудааст.

Падари блогер Шералӣ Ҳайдарови 50-сола мегӯяд, баъди ҳабс дигар фарзандашро надидааст ва аз вазъи ӯ сахт нигарон аст.

"То ҳол намедонем, ки зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ё не. Тавре маълум шуд, писарам иҷозат додааст, то вакили дифои давлатӣ аз ҳуқуқи ӯ ҳимоят кунад. Борҳо аз вакили дифоъ хостам, ки аз писарам бипурсад, ӯро латтукӯб кардаанд, ё не, вай посух дод, ки писари шуморо касе назадааст, вале гиря мекунад. Дар бораи ӯ ба мо ҳеч гуна маълумоте намедиҳанд. Ӯ ҳамагӣ 22 сол дорад", - афзуд Ҳайдаров.

Ба гуфтаи Ҳайдаров, писари ӯро кормандони мақомоти интизомие боздошт карданд, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд. Онҳо ҳатто қарори ҳабси блогерро низ пешниҳод накардаанд.

Додситонии кулли Ӯзбекистон 25 август хабар дод, ки шаш сокини ноҳияи Сӯх боздошт шуда, зиддашон бо бандҳои "Муқобилият нишон додан ба намояндагони мақомот" ва "Бетартибии оммавӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, ҳамаи дастгиршудаҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Сокинони Сӯх мегӯянд, аз деҳаҳои "Равон", "Мулғон", "Қизилқия", "Ҳушёрӣ" ва "Чункара" дасти кам 12 ҷавонро боздошт кардаанд. 31 май миёни сокинони "Чашма"-и Сӯх ва "Чечме"-и Қирғизистон занозанӣ сурат гирифта буд. Баъзе аз сӯхиҳо гуфтанд, ки шумори боздоштшудаҳо ба 41 расидааст.

XS
SM
MD
LG