Ссылки доступа

Ба Нурсултон Назарбоев унвони қаҳрамонӣ дода шуд


Ба президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев унвони нав - "Қаҳрамони ҷаҳони озод аз озмоишҳои ҳастаӣ" дода шуд.

Ин тасмим дар иҷлосияи махсуси Маҷмаи умумии СММ эълом шудааст, ки 26 август бахшида ба Рӯзи байналмилалии амалиёт бар зидди озмоишҳои ҳастаӣ баргузор гашт.

Унвони нав ба Назарбоев бо ташаббуси котиби иҷроияи Созмони паймони манъи фарогири озмоишҳои ҳастаӣ Лассина Зербо ҳамчун "рамзи эътирофи саҳми таърихии Қазоқистон зери раҳбарии Нурсултон Назарбоев дар талошҳо барои бунёди ҷаҳони бидуни ҳастаӣ" дода шудааст.

"Қарори бесобиқаи Елбасӣ (унвони Назарбоев) аз 29 августи соли 1991 дар бораи бастани размоишгоҳи ҳастаии Семипалатинск, яке аз бузургтарин размоишгоҳҳои ҷаҳон нахустин қарори манъи озмоишҳои ҳастаӣ дар таърихи инсоният буда, ҳамчунин ба ташкили Рӯзи байналмилалӣ низ сабаб шудааст", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон.

Ибтидои моҳи июли соли равон дар Донишгоҳи миллии дифоии шаҳри Нурсултон муҷассамаи Нурсултон Назарбоев қомат афрохт.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он, кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба номи Назарбоев гузошта шудаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чандин муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

Назарбоев, ки ба 80 даромадааст, моҳи марти соли гузашта, баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод. Вақтҳои ахир ӯ ба мазҳари ом ҳозир намешавад ва 3 июл хабар доданд, ки вай аз коронавирус шифо ёфт. Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва Шӯрои амнияти Қазоқистон аст. Ҳамчунин аз унвони "Пешвои миллат" бархурдор мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG