Ссылки доступа

Ҳамлагари масҷиди Зеландияи Нав ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд


Брентон Таррант
Брентон Таррант

Брентон Таррант, сокини Австралия, ки ба масҷиде дар шаҳри Крайстчёрчи Зеландияи Нав ҳамла карда буд, ба ҳабси якумрӣ ва бидуни ҳаққи пеш аз муҳлат озод шудан маҳкум шуд.

Ин сангинтарин муҷозот дар таърихи Зеландияи Нав ва нахустин ҳукми бидуни ҳаққи пеш аз муҳлат озод шудан мебошад. Ба иттилои Associated Press, додрас амали ҳамлагарро ғайриинсонӣ номида, гуфтааст, ҳатто ҳабси якумрӣ низ наметавонад онро "рӯйпуш" кунад.

Муҳокимаи парвандаи Таррант моҳи майи соли 2020 шуруъ шуда буд.

Брентон Тарранти 28-сола дар анҷоми амали террористӣ, куштори 51 одам ва сӯиқасд ба ҷони 40 тани дигар айбдор мешавад.

Таррант 15 марти соли 2019 сӯи намозгузорони як масҷиди шаҳри Крайстчёрт аз силоҳ тир андохт. Вай аз ҷои ҳодиса фирор карда, ба масҷиди дигар ҳамла бурд. Таррант ин амалашро мустақиман дар Facebook нашр мекард.

Мақомоти Зеландияи Нав гуфтанд, ки Брентон Таррант аз силоҳе истифода кардааст, ки қонунӣ ба даст оварда буд.

XS
SM
MD
LG