Ссылки доступа

Сокинони Қирғизистон иҷозаи сармоягузории ҳизбҳои сиёсиро пайдо карданд (видео)


Бори аввал дар таърихи Қирғизистон ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат ёфтанд, ки барои гарави интихоботӣ аз шаҳрвандон ёрӣ дарёфт кунанд.

Ҳамакнун бо шарофати шаҳрвандони оддӣ намояндагони ҳизбҳову ҳаракатҳо имкони иштирок дар интихоботҳои порлумониро пайдо карданд. Танҳо дар давоми 20 рӯз ҳизби "Ислоҳот"-и Қирғизистон 65 ҳазор доллар ҷамъ овардааст, ки барои ҳизб ин маблағ қобили мулоҳиза аст ва онро на сарватмандон ва на мансабдорон ба ҳизб додаанд.

В Кыргызстане избиратели профинансировали независимую политическую партию
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:55 0:00

Ҳизбе, ки дар сафаш сарватманде надорад, акнун яке аз ҳизбҳои маъруфи Қирғизистон ба шумор меравад. Фаъолон, рӯзноманигорон, омӯзгорон, барномасозони компютерӣ ва ҳатто ровиҳои барномаҳои тафреҳӣ гирди ҳам омада, ҳизб таъсис доданд.

Ҳизби ҳамёнтиҳӣ, аммо соҳиби мавқеъро дар муддати тӯлоние ҷиддӣ намегирифтанд. Вақте фаъолони ҳизб эълом карданд, ки барои пардохти гарави интихоботӣ маблағ ҷамъ меоранд, кам касоне бовар доштанд, ки қирғизистониҳо омодаи расонидани кӯмаки моддӣ ба сиёсат ҳастанд.

Аммо дар давоми чанд ҳафта ҳизби "Ислоҳот" қариб 65 ҳазор доллар ҷамъ овард. Ному насаби сармоягузорони ҳизб дар сомонаи он нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG