Ссылки доступа

Фаъолони Бишкек зидди ҳукми додгоҳ ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби "Қирғизистон" тазоҳурот мекунанд


Интизор меравад, 28 август дар шаҳри Бишкек дар эътироз ба ҳукми додгоҳ, ки шикояти Ҳизби "Қирғизистон" зидди Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар (КМИҚ)-ро қонеъ кард, тазоҳурот баргузор шавад.

Фаъоли мадании қирғиз Сиймик Жапикеев гуфт, "олигархҳо дубора пирӯз шуданд!". Ба гуфтаи ӯ, онҳо барои бекор кардани қарори додгоҳ талош хоҳанд кард. Фаъоли мадании дигар Улан Усойун ба баргузории тазоҳуроти бидуни муҳлат даъват кард.

Номзад аз Ҳизби "Ота-Макон"-и Қирғизистон Тилек Токтогазиев мегӯяд, қарори комиссия дар бораи роҳ надодани ҳизби "Қирғизистон" ба интихобот қонунӣ буд.

Додгоҳи шаҳри Бишкек 27 август шикояти Ҳизби "Қирғизистон" зидди КМИҚ-ро, ки аз қабули асноди ҳизб худдорӣ мекард, баррасӣ намуда, комиссияро вазифадор кард, ки асноди ҳизбро бипазирад.

КМИҚ 24 август қабули асноди 17 ҳизби сиёсии Қирғизистонро барои иштирок дар интихобот ба поён расонд. Вале аъзои КМИҚ 25 август бо баргузории як ҷаласа асноди Ҳизби "Қирғизистон"-ро ба далели нақзи тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо баргардонд. Комиссия гуфт, аснодро нафаре пешниҳод кардааст, ки намояндаи расмии ҳизб нест.

XS
SM
MD
LG