Ссылки доступа

Пулиси Минск ҳудуди 20 рӯзноманигорро боздошт кард


Кормандони пулиси Белорус шоми панҷшанбе дар майдони Истиқлоли шаҳри Минск ҳудуди 20 рӯзноманигорро дастгир карданд.

Бино ба иттилои TUT.BY, хабарнигорони ин расона Станислав Шаршуков ва Вадим Замировский, ҳамчунин Владимир Гридин (Радиои Озодӣ), Василий Федосенко (Reuters), аккос Александр Васюкович, Надежда Бужан ("Наша Нiва"), Дима Ловетский (AP), Захар Шербаков ва Сергей Сатсюк ("БелаПАН"), Екатерина Андреева ва Максим Калитовский ("Белсат"), Владимир Костин (Reuters), Сергей Бобилев (ТАСС), Евгений Одиноков ("РИА Новости"), Павел Мартинчик ("Комсомолская правда" дар Беларус), аккос Евгений Ерчак ва Стив Розенберг (Би-би-сӣ) боздошт шудаанд.

Задержание журналистов Радио Свобода в Минске
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:43 0:00

Ба гуфтаи намояндаи расмии Раёсати умури дохилии Минск Наталя Ганусевич, ҳамаи дастгиршудаҳо барои таъйини шасияташон ба шуъбаи пулис интиқол ёфтанд.

Сафорати Русия дар Минск хабари боздошти рӯзноманигорони русро таҳқиқ дорад, навиштааст ТАСС бо истинод ба намояндагии дипломатӣ.

Бахши белорусии Радиои Озодӣ аз боздошти эътирозгарон дар майдони Истиқлоли Минск хабар медиҳад. Майдонро нерӯҳои таъйиноти махсус иҳота карда, даромад ба он манъ аст. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, беш аз 150 кас дастгир шудааст.

Дар Белорус 9 август интихоботи президентӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои расмӣ, гӯиё дар он президент Александр Лукашенко 80 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст. Вале мухолифон норозигӣ баён карданд. Аз шоми 9 август ба ин сӯ дар Белорус эътирозҳо бо талаби истеъфои Лукашенко идома доранд.

XS
SM
MD
LG