Ссылки доступа

Парванда ба зидди додситоне, ки дар садамаи мошинаш Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд


Ислом Анварзода

Додситонии шаҳри Душанбе ба зидди Ислом Анварзода, муовини пешини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар натиҷаи садамаи мошинаш сарояндаи шинохта Баҳром Ғафурӣ фавтид, парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ҳодиса субҳи 7-уми август рух дод.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки Ислом Анварзода ва ҳамроҳонаш "дар ҳолати мастӣ" савори "Ландкрузер-200" ба "Камаз" бархӯрданд.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 27-уми август гуфтанд, ҳодиса бар асоси қисми чаҳори моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад.

Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷазо ба ронандеро пешбинӣ мекунад, ки "дар ҳолати мастӣ ҳаракати роҳро вайрон мекунад ва боис ба марги инсон ва ё зарари вазнин ба саломатӣ мешавад".

Ислом Анварзода, ки пас аз садама дар ҳолати кома қарор дошт, ҳоло ба ҳуш омадааст.

Як пизишк аз бемористони Қарияи Боло бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ҷарроҳӣ Ислом Анварзодаро ба шифохонаи хусусии “Мадади Акбар” интиқол доданд. Ӯ гуфт, устухони дасти чапи Анварзода, ки пора-пора шуда буд, гирифтанд ва пойи росташ низ аз чанд ҷой ҷарроҳӣ шуд.

“Ҷарроҳии вазнинеро аз сар гузаронд. Ӯро аз бемористони Қарияи Боло бурданд. Аҳволаш муътадил аст, лекин барои пурра барқарор шудани саломатиаш вақт лозим аст”, -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ин садама, ки дар он Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи эстрадаи тоҷик ҳалок шуд, сару садо ба по кард. Ҳаводорони ин сароянда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот талаб карданд, ки гунаҳкорони ин садама ҷазо дода шавад.

XS
SM
MD
LG