Ссылки доступа

Дар Туркманистон мавсими ивазсозии аксҳои президент фаро расид


Дар Туркманистон дубора аксҳои президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро иваз мекунанд. Ин бор президент дар аксҳо бо мӯйҳои нисбатан кутоҳтар ва қолини дигар нақш ёфтааст.

"То ибтидои моҳи сентябр дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ аксҳои президентро иваз мекунанд. Акнун дар аксҳо пушти сари Бердимуҳаммадов қолинҳои сурх овезон аст ва мӯйи сари президент кутоҳтару ранги дигар дорад", - гуфт як сокини Туркманистон.

Ба нақли сокинон, тамоми муассисаҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, ки то 1 сентябр аксҳои навшудаи президентро харидорӣ ва овезон кунанд.

Гуфта мешавад, қимати миёнаи ин аксҳо қариб 6 доллари ИМА аст.

Дар Туркманистон ҳамаи муассисаҳо ва корхонаҳо акси президентро овезон кардаанд. Харидорӣ ва иваз кардани аксҳо дар сурати зарурат аз кисаи кормандон сурат мегирад. Дар мактабҳои миёна бошад, аз ҳисоби хонандагон.

Пештар аз ин, дар моҳи январи соли 2019, бо сафед шудани ранги мӯи Бердимуҳаммадов муассисаҳои давлатиро вазифадор карданд, ки аксҳои президентро иваз кунанд.

XS
SM
MD
LG