Ишметов ба вакилони Палатаи қонунгузори Маҷлиси олии Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки Бунёди зиддибуҳронӣ барои мубориза бо коронавирус 5,3 трлн сӯм (беш аз $516 млн) ҷудо кардааст.
Ба маблағи 1,6 трлн сӯм ($155 млн) ба соҳибкорон ва ширкатҳо имтиёзҳои андозиву гумрукӣ дода шудааст.
Бонкҳои тиҷорӣ барои дастгирии соҳибкорон 15,7 трлн. сӯм ($1,5 млрд) ҷудо карда, ба маблағи 24,5 трлн. сӯм ($2,3 млрд) қарз дода шудааст.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми даромади буҷа 58,2 трлн сӯм ($5,6 млрд)-ро ташкил додааст, ки ба гуфтаи вазир, назар ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 7,5 триллион сӯм ($730 млн) бештар аст.