Ссылки доступа

Марги ҳафт шаҳрванди Қазоқистон аз "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус" дар як рӯзи гузашта


Дар як рӯзи гузашта дар Қазоқистон 531 ҳолати гирифторӣ ба илтиҳоби шабеҳ ба вабои коронавирус ва марги 7 одам аз ин беморӣ сабт шудааст.

Ба ин тартиб, аз 1 август то кунун дар он кишвар шумори гирифторони илтиҳоби шуш бо нишонаҳои COVID ба 24 632 ва теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ ба 278 расидааст.

Омори илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус дар Қазоқистон аз омори умумии гирифторони COVID-19 ҷудо аст. Чунин шумориш танҳо дар Қазоқистон ба роҳ монда шудааст, дар ҳоле, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин иттилоъро муштарак ба ҳисоб мегирад.

Мақомоти тандурустии Қазоқистон хабар медиҳанд, ки дар як рӯзи гузашта дар он кишвар 165 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG