Ссылки доступа

Чорабиниҳои Рӯзи истиқлоли Қирғизистон ба таври маҷозӣ баргузор мешаванд


Дар майдони "Ала-Тоо" шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 31 август бо ширкати президенти он кишвар Сооронбой Ҷеенбеков бахшида ба Рӯзи истиқлоли давлатӣ чорабинӣ баргузор мешавад.

Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон хабар дод, ки бо назардошти вазъи беҳдоштӣ, чорабиниҳо аз соати 10 то 11 ба таври онлайнӣ сурат мегиранд. Ҳамаи шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ чорабиниро нишон медиҳанд.

"Баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва сайру гашти мардумӣ дар назар нест. Соати 22:00 дар майдони "Ала-Тоо" мушакпарронӣ сурат мегирад", - хабар доданд аз ситоди он кишвар.

Дар Қирғизистон шумори умумии гирифторони вабои коронавирус ба 43 587 ва шумори фавтидагон аз ин вирус ба 1 ҳазору 58 кас расидааст.

XS
SM
MD
LG